18-уми июни соли 2026, Бишкек. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои иштирокдори Созмони ҳамкории Шанхай ба корхонаи коркарди партовҳои маишӣ, ки тавассути сӯзонидани партовҳо неруи барқ истеҳсол менамояд, ташриф оварда, бо роҳбарияти он мулоқот анҷом дод.
Зимни шиносоӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аввалин иншооти экологии коркарди партовҳо бо истифода аз технологияи сӯзонидани партовҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ҳудуди партовгоҳи шаҳри Бишкек фаъолият менамояд.
Қайд гардид, ки корхона бо сармоягузории ширкатҳои чинӣ ба маблағи 100 миллион доллари ИМА бунёд гардида, дорои иқтидори коркарди то 1200 тонна партовҳои маишӣ дар як шабонарӯз мебошад. Дар баробари ин, то 30 МВт неруи барқ истеҳсол намуда, барои таъмини устувори эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Тавре таъкид гардид, татбиқи чунин технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки ҳамзамон масъалаҳои идоракунии самараноки партовҳо, истеҳсоли неруи барқ ва коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳал гардад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истифодаи ин таҷрибаро баррасӣ намуданд.




















