18-уми июни соли 2026, Бишкек. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти Маркази коркарди маълумоти ҶСК «Шабакаи миллии энергетикии Қирғизистон» шинос гардид.
Зимни боздид ба ҳайати Тоҷикистон имкониятҳои техникию технологӣ ва таҷрибаи марказ муаррифӣ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки марказ дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика фаъолият намуда, мониторинги фосилавии шабакаҳои тақсимоти барқ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди боэътимоди пойгоҳҳои маълумотии муштариёнро таъмин менамояд.















