🇹🇯🇰🇬18-уми июни соли 2026, Бишкек. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъини энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Алтинбек Рисбеков мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», лоиҳаи REMIT (бозори минтақавии неруи барқ ва савдои барқ дар Осиёи Марказӣ), табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамсуҳбатон аҳамияти таҳкими муносибатҳоро барои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди бозори минтақавии неруи барқ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикии кишварҳо таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор карданд.















