🇹🇯🇧🇾18-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи иштирок дар Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои иштирокдори Созмони ҳамкории Шанхай вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Белорус Денис Мороз вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазирон барои тавсеаи муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.















