19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазир зимни суханронӣ иброз дошт, ки СҲШ ҳамчун платформаи муассири ҳамкории бисёрҷониба дар таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувори кишварҳои аъзо нақши муҳим дорад ва дар шароити муосир густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика аҳамияти махсус касб намудааст.
– Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, сиёсати рушди энергетикаи «сабз»-ро пайгирона амалӣ менамояд. Дар ин самт сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» (3780 МВт) ҳамчун лоиҳаи калидӣ мавқеи марказӣ дорад. То имрӯз ду агрегати ба истифода додашудаи неругоҳ беш аз 10 миллиард кВт·соат неруи барқ истеҳсол намудаанд ва ба истифода додани агрегати сеюм дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, – иброз дошт Далер Ҷумъа.
Ҳамзамон, ба аҳамияти ҳамгироии минтақавии энергетикӣ тавассути пайвасти пурраи Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва бунёд гардидани неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 500 МВт ишора карда шуд.
Дар суханронӣ ба лоиҳаи «CASA-1000» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки он имкон медиҳад то 1300 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистон содир карда шавад.
Вазир, дар идомаи суханронӣ оид ба равандаи татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ибрози назар кард.
Бо мацсади тақвияти бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи энергетика вазир чунин пешниҳодҳо намуд: таъсиси Платформаи доимоамалкунандаи ҳамкории энергетикии СҲШ барои мубодилаи таҷриба ва технологияҳои пешрафта; рушди лоиҳаҳои муштарак дар самти энергетикаи барқароршаванда ва системаи захираи энергия; таҳкими шабакаҳои байнидавлатии интиқоли неруи барқ ва тавсеаи савдои фаромарзии неруи барқ; рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии низомҳои энергетикӣ; таъсиси барномаҳои муштараки омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи энергетика.
Дар анҷом таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори рушди ҳамкории дарозмуҳлат ва мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика буда, рушди энергетикаи сабз, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои энергетикии минтақавиро омили муҳими таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикии кишварҳо медонад.

















