МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

🇹🇯🇺🇿 19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот анҷом дод.

‎Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027, татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазирон омодагии худро ба таҳкими ҳамоҳангсозии минбаъдаи робитаҳо дар самтҳои афзалиятнок иброз доштанд.