ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

🇹🇯🇨🇳 19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори Идораи давлатӣ оид ба корҳои энергетикии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хункун баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни муколама ба таҳкими муносибатҳо дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва табодули таҷриба миёни мутахассисон зоҳир гардид.

Ҳамзамон, вобаста ба вазъи кунунии татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» (хати «Д») мубодилаи афкор сурат гирифт.