МУКОЛАМАИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҚОЛАБИ «РОССИЯ + ОСИЁИ МАРКАЗӢ»

19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Россия + Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои соҳавӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён атрофи масъалаҳои таҳкими ҳамгироии энергетикӣ дар минтақа, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.