ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН: ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

🇹🇯🇮🇷19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Раҷабӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи натиҷаҳои ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин замина, аҳамияти татбиқи саривақтии тавофуқоти ҳосилшуда ва пешбурди иқдомҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, ба масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд.