19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз намоишгоҳи байналмилалии Energy Expo Kyrgyzstan – СҲШ-2026, ки дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташкил шуда буд, дидан намуд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 40 ширкат аз Қирғизистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Беларус, Туркия ва Ветнам иштирок дошта, технологияҳои навтарин, таҷҳизот ва роҳҳалҳои инноватсионии худро дар соҳаи энергетика муаррифӣ карданд.




















