🇹🇯🇷🇺 19-уми июни соли 2026, Бишкек. – Дар ҳошияи Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, фаъолияти НБО «Сангтӯда-1» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, вазирон доир ба иҷрои нақшаи тавозуни индикативии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ иброз намуданд.













