23-юми июни соли 2026, Вена (Австрия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар намояндагони ҳайати кишвар бо Президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди OPEC оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасии қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя барои амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди кишвар мубодилаи афкор намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои мазкур баррасӣ карданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Фонд дар самти татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи равобити шарикӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави муштарак таъкид кард.














