23-юми июни соли 2026, Вена (Австрия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми рушди Фонди OPEC оид ба рушди байналмилалӣ дар муколамаи панелӣ таҳти унвони «Таъмини пешрафт: Рушди низомҳои ҳамгирошудаи энергетика ва захираҳои об барои манфиатҳои муштарак» иштирок намуд.
Дар ҷараёни муколама вазир доир ба самтҳои асосии рушди низоми энергетикии кишвар, раванди ҳамгироии минтақавии энергетикӣ ва масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об ибрози назар кард.
Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар баробари истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, инчунин, барои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва анйи замон бунёди ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт идома дошта, кишвар дар масири расидан ба истиқоли энергетикӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи вазир, айни замон раванди пайвастшавии пурраи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, ин иқдом метавонад ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намояд.
Дар робита ба масъалаҳои захираҳои об ва таъсири тағйирёбии иқлим таъкид гардид, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Зикр шуд, ки раванди обшавии босуръати пиряхҳо, аллакай, ба устувории ин захираҳо таъсири ҷиддӣ расонида, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои обро бештар мегардонад.













