23-юми июни соли 2026, Вена (Австрия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми рушди Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ бо президенти Гурӯҳи Бонки Африқоии Рушд (AfDB) Сиди Уолд Таҳ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои рушди энергетика, идоракунии устувори захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Африқоии Рушд дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои стратегӣ, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика, энергетикаи барқароршаванда ва идоракунии захираҳои об, таъкид намуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи барномаҳои муштарак барои баланд бардоштани устувории иқтисодҳои осебпазирро муҳим арзёбӣ карданд.















