ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ ДОИР ГАШТ

24-уми июни соли 2026, Душанбе. – Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи энергетика ва захираҳои об таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, кормандони Вазорат, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ширкати «Имод», Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла амсилаҳои неругоҳҳои барқи обӣ, харитаи иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвар, таҷҳизоти барқии истеҳсоли ширкати «Имод» ва дастовардҳои илмии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дидан карданд.

Ҳамоишро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода ифтитоҳ намуда, нахуст ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Қайд гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, айни замон татбиқи боз 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 15 миллиард сомонӣ идома дорад.

Зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,4 миллиард киловатт·соат дар соли 1991 ба 24 миллиард кВт·соат дар соли 2025 расонида шуда, барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам гардидаанд.

Муовини вазир, ҳамчунин нақши ҷавононро дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои об муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро ба омӯзиши пайвастаи донишҳои муосир, аз худ намудани технологияҳои нав, рушди энергетикаи «сабз», баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои илмӣ ва инноватсионӣ даъват намуд.

Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода оид ба нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон суханронӣ кард.

Дар идомаи ҳамоиш кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об Асрор Ашурзода ва Сиёвуш Саидов вобаста ба саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат баромад намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонон сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақдим гардид.