24-уми июни соли 2026, Вена. – Дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Австрия, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори генералии ширкати «Voith Austria Hydro» Ян Людер мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои ширкати «Voith Austria Hydro» дар доираи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардида, масъалаи сари вақт омода ва ба истифода супоридани агрегати навбатии неругоҳ, ки чархаи он аз ҷониби ширкати мазкур истеҳсол мегардад, муҳокима шуд.
Дар идомаи сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаи истеҳсолии ширкати мазкур дидан намуда, бо раванди истеҳсоли гидротурбинаҳо ва дигар таҷҳизот барои сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ пешбинишуда аз шинос гардиданд.


















