МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО РОҲБАРИЯТИ ШИРКАТИ «ANDRITZ HYDRO»

24-уми июни соли 2026, Вена. – Дар ҳошияи сафари корӣ ба Австрия вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Герхард Криглер, директори иҷроияи ширкати «ANDRITZ Hydro», роҳбари иҷроияи минтақаи Аврупои Марказӣ ва Александер Шваб, директори маркетинг ва ноиби калони президенти ширкати «ANDRITZ Hydro» баргузор гардид.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» қарор гирифта, амалисозии марҳилаҳои таҷдиди неругоҳ, таъмини саривақтии истеҳсол ва насби таҷҳизоти муосир, инчунин масъалаҳои техникиву ташкилии вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои тарафҳо муҳокима гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, беҳтар намудани эътимоднокии фаъолияти неругоҳ ва таъмини рушди устувори низоми энергетикии мамлакат аҳамияти муҳим дорад.