ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

26-уми июни соли 2026, Душанбе. – Ба ифтихори қабул гардидани пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Бо нишони арҷгузорӣ ба ин рӯйдодҳои таърихӣ чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз гашт.

Дар ифтитоҳи ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.

Зикр гашт, ки ин рӯйдоди муҳими байналмилалӣ бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор ва ҷонибдори таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва рисолати таърихии миллати тоҷик дар пешбурди арзишҳои инсондӯстона шаҳодат медиҳад.

– Бешубҳа, ин иқдоми наҷиб беҳтарин мужда барои тамоми башарият аст. Зеро сулҳу субот, амният, оромишу осоиштагӣ ва ваҳдати ҷомеа заминаи асосии рушди устувор, зиндагии шоиста ва пешрафти давлатҳо буда, аз волотарин арзишҳои тамаддуни инсонӣ ба шумор мераванд, – илова намуд вазир.

Дар идомаи суханронӣ вазир доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши сарнавиштсози он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Сипас, кормандони Вазорат Гулдаста Халилова, Асрор Ашурзода ва Сиёвуш Саидов андешаҳои худро вобаста ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва ташаббуси нави Тоҷикистон баён намуданд.