ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ: ПАЁМИ ВАҲДАТ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Бо иттифоқои оро қабул гардидани пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва таҷассуми нақши созандаи кишвари мо дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муждаи фараҳбахш расониданд. Ин рӯйдоди муҳим дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсуси сиёсӣ ва маънавӣ дошта, аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистон – кишвари ташаббусҳои созандаи ҷаҳонӣ

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як кишвари ҷангзада ба давлати ташаббускор ва фаъоли байналмилалӣ табдил ёфт. Агар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳадафи асосии давлат барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ буд, имрӯз Тоҷикистон ба яке аз пешоҳангони пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, амният ва рушди устувор мубаддал гардидааст.

Маҳз таҷрибаи нодири таърихии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба кишвари мо ҳуқуқи маънавӣ медиҳад, ки имрӯз дар масъалаҳои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ сухани таъсиргузор дошта бошад. Сулҳи тоҷикон, ки бо иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба даст омад, ҳамчун намунаи нодири оштии миллӣ ва фарҳанги сулҳ эътироф гардидааст.

Посух ба воқеияти мураккаби ҷаҳони муосир

Пешниҳоди қабули қатъномаи махсус дар замоне садо дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду хатарҳои бесобиқа рӯ ба рӯ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон низоъҳои мусаллаҳона идома дошта, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва муҳоҷиратҳои маҷбурӣ ба амният ва суботи байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар чунин шароит Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Ҳамоиши оянда дар шаҳри Ню-Йорк моҳи сентябри соли 2024 ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои муассир барои таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, инчунин барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра даъват намуданд ва пешниҳод карданд, ки «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шавад.

Дар асл, ташаббуси нави Тоҷикистон даъват ба ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ мебошад. Он бори дигар собит месозад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавие мебошад, ки барои таъмини зиндагии шоистаи инсоният равона шудаанд.

Паёми рамзии қабул гардидани қатънома дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Қабули қатъномаи мазкур маҳз дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи амиқи сиёсӣ ва таърихӣ дорад. Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдат ва сулҳ мафҳумҳои абстрактӣ нестанд, балки дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлатдории навин мебошанд.

Дар тули қариб се даҳсола Тоҷикистон маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат тавонист пояҳои давлатдории муосирро таҳким бахшида, рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии худро таъмин намояд.

Аз ин дидгоҳ, даҳсолаи нави сулҳ идомаи мантиқии таҷрибаи миллии давлатсозӣ ва сиёсати башардӯстонаи кишвар мебошад.

Тоҷикистон – таблиғгари фарҳанги сулҳ

Қатъномаи қабулгардида бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро давлати пешбарандаи ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ мешиносад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, рушди устувор ва ҳоло таҳкими сулҳ нишон медиҳанд, ки дипломатияи тоҷик ба ҳалли масъалаҳое нигаронида шудааст, ки аҳамияти умумибашарӣ доранд. Ин равиш аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва рисолати таърихии миллати тоҷик дар таблиғи арзишҳои инсондӯстона ва ҳамзистии осоишта сарчашма мегирад.

Чуноне шоири бузурги тоҷик Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:
Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Сулҳ – арзиши олитарини башарият

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ аз ҳар вақти дигар муҳимтар мебошад. Сулҳу субот, амният, оромишу осоиштагӣ ва ваҳдати ҷомеа шарти асосии рушди устувор, зиндагии шоиста ва пешрафти давлатҳо мебошанд. Ҳеҷ як ҷомеа бидуни сулҳ наметавонад ба ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ноил гардад.

Биноан, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» метавонад ба як платформаи муҳими ҷаҳонӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколамаи тамаддунҳо ва тарбияи наслҳои ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ табдил ёбад.

Соли оянда дар шаҳри Душанбе дар арафаи 30-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар назар дошта шудааст.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд метавонад ба оғози як раванди нави байналмилалӣ – «Раванди сулҳи Душанбе» замина гузорад. Ҳамон тавре ки «Раванди оби Душанбе» Тоҷикистонро ба маркази муколамаҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим табдил дод, «Раванди сулҳи Душанбе» низ метавонад ба платформаи доимии ҳамкории байналмилалӣ барои пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардад.

Дар маҷмуъ, Қабули қатъномаи мазкур дастоварди бузурги дипломатияи тоҷик ва пирӯзии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бешубҳа, ташаббуси нави Тоҷикистон паёмест ба тамоми башарият: сулҳ мероси умумии инсоният ва масъулияти муштараки ҳамаи миллатҳост. Ҳифзи ин арзиши олӣ кафолати рушди устувор, ҳамзистии осоишта ва ояндаи бехатару шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.

                                                   Маҳмуд МИРЗОЁН,
корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон