28-уми июни соли 2026, Ҷидда (Подшоҳии Арабистони Саудӣ). – Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар ҷаласаи машваратии вазирон, ки дар доираи Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 11-уми ҷаҳонии об баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромад муовини якуми вазир таъкид намуд, ки имрӯз масъалаи об аз доираи масъалаҳои экологӣ берун рафта, ба яке аз афзалиятҳои стратегии рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими сулҳу субот табдил ёфтааст.
Ҷамшед Шоимзода аз саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, зикр кард, ки Конфронси оби СММ дар соли 2023 масъалаи обро дубора ба меҳвари рӯзномаи СММ баргардонида, «Рӯзномаи амал оид ба об»-ро ҳамчун платформаи асосии татбиқи амалҳои муштарак таъсис дод.
Ҳамзамон, вобаста ба натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ибрози назар гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Эъломияи вазирони Форуми 11-уми ҷаҳонии об бояд панҷ самти афзалиятнокро дар бар гирад: эътирофи об ҳамчун афзалияти стратегии ҷаҳонӣ, татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об, афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувори об, таҳкими ҳамоҳангсозии сохторҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об дар заминаи эътимод ва манфиати мутақобила.
✅@mewrtj













