1-уми июли соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: идоракунии соҳа дар асоси маълумот ва масъалаҳои бунёди Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Вазорат, корхонаҳои энергетикии кишвар, коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Мизи мудавварро вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, истифодаи самараноки маълумот ва рақамикунонии низоми идоракунии энергетика аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори соҳа, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими амнияти энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.
– Дар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика таъсис додани Низоми миллии иттилоотӣ ҳамчун платформаи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва мубодилаи маълумоти соҳавӣ зарурати воқеӣ дошта, барои рақамикунонии равандҳои идоракунӣ, тақвияти шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои энергетикии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад, – таъкид кард вазир.
Дар идомаи чорабинӣ сардори сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои оби Вазорат Далер Абдуразоқзода дар мавзуи «Нақши Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикӣ дар рушди соҳа. Ҳадафҳо ва натиҷаҳои интизории Низом барои Вазорат ва корхонаҳои соҳа» маъруза намуда, аҳамияти ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ, мутамарказсозии маълумот ва истифодаи онҳо барои қабули қарорҳои асоснок ва самараноки идоракуниро шарҳ дод.
Сипас, консепсияи Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Харитаи роҳ оид ба таъсиси Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2027 ва Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика мавриди баррась царор дода шуд.
Таъкид гардид, ки татбиқи Низоми миллии иттилоотӣ ва таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунии соҳа, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва таҳкими устувории низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.





















