МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО МУОВИНИ ВАЗИРИ ИДОРАИ МАҲАЛЛӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ СУРИЯ

1-уми июли соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини вазири идораи маҳаллӣ ва муҳити зисти Ҷумҳурии Арабии Сурия мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.