ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

Субҳи имрӯз роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои соҳаи обу энергетика дар оромгоҳи мемориалии «Лӯчоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар назди марқади қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, ки мушти хоки онҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуд, ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.

Зикр гардид, ки ин иқдоми наҷибро метавон рӯзи бозгашти рамзии фарзандони фарзонаи миллат ба оғӯши Модар-Ватан номид.

Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз чеҳраҳои барҷастаи ташаккули давлатдории тоҷикон дар садаи ХХ маҳсуб меёбанд. Онҳо тамоми неру, дониш ва ҳастии худро ба хотири таъсис ва таҳкими давлати миллии тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум бахшида, бо корнамоиҳои худ дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷойгоҳи шоиста пайдо кардаанд. Нисор Муҳаммад бошад, аз ҷумлаи маърифатпарварон ва фарзандони хидматгузори миллат мебошад, ки дар роҳи рушди маориф, ҳифзи забон ва бедории миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.