ВОХӮРИИ ДАЛЕР ҶУМЪА БО ТОМАС ЭРИКССОН

2-юми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаи Фонди иқлими сабз Томас Эрикссон мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз, ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва густариши робитаҳоро дар бахшҳои обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот аз тасдиқ гардидани Барномаи кишварии сармоягузории Фонд дар Тоҷикистон ва оғози татбиқи Барномаи нави минтақавии «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» истиқбол карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди энергетикаи сабз ва таҳкими устувории иқлимиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ меҳисобад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нави иқлимӣ иброз намуданд.