НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

7-уми июли соли 2026, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият дар нимсолаи якуми соли 2026 доир гардид.

‎Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, намояндагони мақомоти соҳавӣ, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.

‎Тибқи рӯзнома, муовини директори генералии ҷамъият ва дигар шахсони масъул оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот доданд.

‎Дар ҷаласа, вазир ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмини фаъолияти устувори онҳо дар мавсими обёрӣ ва давраи тирмоҳу зимистон, паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумал лоиҳаҳои «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» ва «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд» дастурҳои мушаххас дод.