ВОХӮРИИ ВАЗИР РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БАТР ДАР ТОҶИКИСТОН

🇹🇯🇪🇺8-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот анҷом дод.

‎‎Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаи ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии кишвар муҳокима гардид.