БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ даъват менамояд.

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 10-уми июли соли 2026, соати 10:00, дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои об (кӯчаи Шамсӣ 5/1) баргузор мегардад.

ПРЕСС-РЕЛИЗ
оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026

Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об низ, фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёма ба Маҷлиси Олӣ баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, №377 «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028», «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026», иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои ба зимма доштаашон корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар ин давра, истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 656,4 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,6 млн кВт·соат ё 1,3 % кам мебошад.

Истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:
− дар ҶСК «Барқи Тоҷик» 8 млрд 887,6 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 млн кВт·соат кам мебошад;
− дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» 1 млрд 485,5 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн кВт·соат зиёд мебошад;
− дар НБО «Сангтӯда-2» 479,4 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 млн кВт·соат кам аст;
− дар ҶСК «Помир Энерҷӣ» 121,9 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 млн кВт·соат зиёд мебошад.
− дар ҶСК «НБО Роғун» 675 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161 млн кВт·соат кам мебошад.
− дар неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 6,2 млн кВт·соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 млн кВт·соат кам мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 истеҳсоли энергияи гармӣ 750,9 ҳазор Гкаллро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,5 ҳазор Гкалл ё 7,6 % кам мебошад.

Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми 1 млрд 45,1 млн кВт·соат ё 292,2 млн сомониро ташкил дод (аз ҷумла, 3,1 млн кВт·соат ё 1,1 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК «Помир Энерҷӣ»), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 78,1 млн кВт·соат ё 7 % кам мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 702,7 млн кВт·соат ба маблағи 283,9 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 338,9 млн кВт·соат содирот карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки 90 %-и энергияи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои апрел-июн содирот шудааст.

Дар умум, бо дарназардошти ҳаҷми энергияи барқи қабулнамуда, иҷрои ухдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ, талафоти энергияи барқ дар системаи энергетикӣ ба 1 млрд 654,3 млн кВт·соат ё 12,9 % баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607,9 млн кВт·соат ё 4,2 % кам мебошад.

Ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 96,1 % ё 4 млрд 244,9 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 242,4 млн сомонӣ ё 41,4 % зиёд мебошад.
Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд 625,3 млн сомонӣ ё 97,7 % иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,5 млн. сомонӣ ё 32,8 % зиёд гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 маблағи қарзи дебитории энергияи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 835,2 млн сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ – 1 млрд 126,8 млн сомонӣ, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 991,4 млн сомонӣ танҳо дар назди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», КВД «Обу корезии ҷумҳурӣ» – 126,3 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 322,4 млн сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 100,4 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 159,5 млн сомониро ташкил дод. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ қарзи дебиторӣ ба маблағи 202,4 млн сомонӣ ё 5,6 % афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд» (гидроагрегати №4), «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Таҷдиди НБО Норак» (марҳилаҳои 1 ва 2), Лоиҳаи «Барномаи барқарорсозии бахши энергияи барқӣ дар Тоҷикистон», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара»), лоиҳаи «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд», Лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» (марҳилаи 2) ва Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон, лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ) идома дода шуд.

Дар доираи ин лоиҳаҳо 1,6 млрд доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.

Соҳаи захираҳои об. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (25-28-уми май) баргузор гардид.

Ҳадафи асосии Конфронси мазкур ба фароҳам овардани платформа барои пайгирӣ, пешбарӣ ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амали об (Water Action Agenda) қайдшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор равона шудааст.

Конфронси чоруми оби Душанбе марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва Конфронси оби СММ дар соли 2028 арзёбӣ шуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об саҳми хешро гузошт.

Дар рӯзҳои баргузории Конфронс 6 нишасти мавзуӣ, 3 панели махсус 11 форум ва як қатор чорабиниҳои канорӣ доир шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4 692,6 млн. м3 гирифта шуда, истифодаи ҳақиқии он бе талафот 3 744,6 млн. м3-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 1 364,7 млн. м3 бо мақсади обёрӣ, 88,9 млн. м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 1,24 млн. м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 53,5 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 1 131,4 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, МБГ 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва 1 104,9 млн. м3 дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.

Соҳаи нафту газ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 истихроҷи нафт 10 013,5 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 855,4 тонна ё 9,3 % зиёд мебошад. Истихроҷи гази табиӣ бошад, 355 ҳаз. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳаз. м3 ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми коркарди нафт 6 894 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 443,3 тонна зиёд буда, захираи нафт дар анборҳои корхонаҳои коркарди нафт 731,4 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи нафту газ ҳамкориҳо бо Ширкати «CNPС Central Asia B.V.» дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ идома дода шуд. Айни замон ширкат ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои саҳроӣ ва интерпретатсияи онҳо машғул мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 126,377 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 млн. м3 зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 922,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, дар ҳаҷми 114,2 ҳазор тонна ё 11,0 % зиёд гардидааст.

✅@mewrtj