ҚОИДАҲОИ ВОРИДШАВИИ ЭНЕРГИЯИ АЗ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ИСТЕҲСОЛШУДА БА СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ФУРӮШИ ОН БА ИСТИФОДАБАРАНДАГОН

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, №449 Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон тасдиқ гардиданд.

Қабули ин Қоидаҳо қадами муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди «энергияи сабз», баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосири энергетикӣ мебошад.

Ҳуҷҷати мазкур тартиби пайваст намудани панелҳои офтобӣ, неругоҳҳои барқи обии хурд, дастгоҳҳои бодӣ ва дигар иншооти энергетикаи барқароршавандаро ба шабакаҳои барқӣ, инчунин баҳисобгирӣ ва пардохти неруи барқи истеҳсолшуда танзим менамояд.

Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он