10-уми июл нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Вазорат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма аз шабакаҳои телевизионии, «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Душанбе», АМИТ «Ховар», агентиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Спутник», «Ҳамсадо», рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ Овозӣ», «Дайджест пресс», «Время и денги», «Сарват», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Овози Тоҷик», «Фарҳанг», «Радиои бурунмарзӣ», «Озодӣ», «ZET FM», сомонаи «radiotoj.tj» ва рӯзноманигорони мустақил ҳузур доштанд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун», бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, истифодаи панелҳои офтобӣ аз ҷониби сокинон, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, лоиҳаҳои бахши энергетика, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, «CASA-1000», вазъи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, газ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа матраҳ шуданд.



































