10-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ-молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар нимсолаи якуми соли 2026 иштирок намуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, филиалҳои он ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботҳои муфассали масъулон шунида шуд.
Сипас, вазир рафти иҷрои супоришҳои протоколии дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2026 додашударо мавриди баррасӣ қарор дода, ба иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар идома Хусрав Рамазон, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорати энергетика ва захираҳои об Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, №449 қабул шудааст, шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамзамон, масъалаи таъсис додани маркази матбуотии ҷамъият баррасӣ гардид.
Сипас, фаъолияти филиалҳои ҷамъият мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Вазир ба масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, пурра ҷамъоварӣ намудани маблағ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, бақайдгирии пурраи муштариён, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.













