13-уми июли соли 2026 ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, аъзои Ҳайати мушовара, кормандони Вазорат, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Дар идома ахбороти роҳбари корхонаю муассисаҳои соҳа ироа гардида, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, вазифаҳои афзалиятнок барои семоҳаи сеюми соли 2026 муайян карда шуданд.
Ҳамзмон, ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияти кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо дода шуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардиданд.



















