МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

🇹🇯🇰🇬 15-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Алтинбек Рисбеков мулоқот (маҷозӣ) анҷом дод.

Дар ҷараёни муколама вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон оид ба лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.