‎МУАРРИФИИ МУОВИНИ НАВТАЪИНИ ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ

‎17-уми июли соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода маросими муаррифии муовини навтаъини вазири энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.

‎Дар оғози маросим Неъматулло Ҳикматуллозода қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Яҳёзода Парвиз Ҷамолро қироат карда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

‎Сипас, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханронӣ муовини навтаъинро бо ин муносибат табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ барору комёбӣ, муваффақият ва дастовардҳои назаррас орзу кард.

‎Таъкид гардид, ки Парвиз Яҳёзода бо такя ба таҷрибаи ғании корӣ, донишҳои касбӣ ва малакаҳои идоракунӣ дар пешбурди ислоҳот, рушди рақамикунонии соҳаи энергетика ва захираҳои об, инчунин татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии соҳа саҳми арзишманд хоҳад гузошт.