Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
05-уми январи соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2008 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.С. Осимиро (рӯзона) хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 2003-2008 | Донишҷӯи рӯзонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С. Осимӣ |
| Солҳои 2008-2009 | Ба ҳайси барқчӣ ва роҳбари гурӯҳи барқчиён дар намояндагии Ширкати сохтмонии итолёвии «BUSI Impianti S. p. A» |
| Солҳои 2009-2013 | Муҳандиси бахши Шабакаҳои тақсимкунандаи умури истифодабарӣ ва таъмири ШСХК «Барқи Тоҷик» |
| Солҳои 2013-2014 | Муҳандиси дараҷаи якуми бахши Шабакаҳои тақсимкунадаи умури истифодабарӣ ва таъмири ШСХК «Барқи Тоҷик» |
| Солҳои (05) 2014-(04) 2021 | Сармутахассиси раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2021-2023 (07) | Мутахассиси Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз августи соли 2023 то июли соли 2026 | Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 17 июли соли 2026 | Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |













