БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ ДАР САМТИ КОРРУПСИЯ

‎23-юми июли соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мусоидат мекунанд, баргузор гардид.

‎Дар кори ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёсуман Акрамзода, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони муассисаю ташкилотҳои зертобеи Вазорат иштирок намуданд.

‎Зимни ҷаласа пешниҳоди Агентӣ аз ҷониби Хусрав Рамазонзода, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорат, ба самъи ҳамагон расонида шуд.

‎Ҳамзамон, масъалаи иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) мавриди баррасӣ қарор гирифт.