ВАЗИР БО ШИРКАТИ «CHINA GEZHOUBA GROUP» МАСЪАЛИ БУНЁДИ НЕРУГОҲҲОИ «АЙНӢ» ва «ЁВОН»-РО БАРРАСӢ КАРД

24-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо мудири кулли Раёсати маркетинги минтақаи Авруосиёи ширкати «China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd.» Мао Гохуа мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахши энергетика, аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳҳоии барқи обии «Айнӣ» (бо иқтидори 160 МВт) ва  «Ёвон» (100 МВт) дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пешбурди минбаъдаи лоиҳаи бунёди неругоҳҳои мазкур таъкид намуда, ба идомаи муколамаи созанда дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ карданд.