🇹🇯🇰🇷24-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки лоиҳаҳои бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар соҳаи энергетика амалишаванда дар таҳкими инфрасохтори энергетикӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, бахусус дар деҳаҳои дурдасти кишвар, нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаи роҳандозии ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, инчунин таъмини амнияти киберӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди робитаҳо дар ин самт иброз доштанд.















