27-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Overseas Investment Co., Ltd.» Ли Яҳонг мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт дар шимоли кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мусоҳибон барои идомаи ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи муштарак изҳори омодагӣ намуданд.















