29-уми июли соли 2026, Душанбе. – Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шуро Далер Ҷумъа, аъзои Шуро ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи навбатии Шуро се масъала: натиҷаҳои татбиқи Нақшаи амали Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2027, натиҷаҳои татбиқи Нақшаи амали Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои давраи солҳои 2024-2026 ва лоиҳаи Нақшаи ҳавзавӣ оид ба захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон баррасӣ гардиданд.
Зимни баррасии масъалаҳо доир ба раванди татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати таъмини истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, кам кардани талафоти об ва рушди инфрасохтори соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои идомаи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои соҳавӣ вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.



























