🇹🇯🇨🇳29-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, доир ба таҳкими равобити минбаъда табодули афкор намуданд.
Дар рафти муколама ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар ин самт ва роҳҳои тақвияти муносибатҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.















