30-юми июли соли 2026, Душанбе. – Таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода бо иштироки роҳбарону намояндагони корхонаҳои соҳаи энергетикаи кишвар ҷаласаи навбатии Ситод оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Дар кори он рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистон аз масъулиони ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», марказҳои барқу гармидиҳии – 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд.
Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ, санҷиши таҷҳизоти энергетикӣ, омодасозии шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва захира намудани маводи зарурӣ тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.

















