АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКА

29-30-юми июли соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки 13-уми марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, баргузор гардид.

Дар кори семинар намояндагони Вазорат, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, Филиали тоҷикии Иттиҳодияи хоҷагии оби ҳавзаи Сирдарё, ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва дониши касбии кормандони соҳаи обу энергетика оид ба муҳтавои Созишномаи мазкур, инчунин таҳкими фаҳмиши ягонаи талабот ва механизмҳои татбиқи он мебошад.

Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба механизмҳои амалигардонии созишнома, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар истифодаи захираҳои об ва иншооти обию энергетикӣ, инчунин таҷрибаи ҳамкории дуҷониба дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.