БАРРАСИИ ИДОМАИ ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТИ «WANGNENG ENVIRONMENT» ДАР САМТИ КОРКАРДИ ПАРТОВҲО ВА ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ

30-юми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарияти ширкати чинии «Wangneng Environment» дар шакли видеоконференсия мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзондани партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо вобаста ба идомаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба коркард ва истифодаи партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва истеҳсоли неруи барқ равона гардидааст, табодули афкор намуданд.