31-уми июли соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати ширкати «Рокс Групп»-и Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам мулоқот анҷом дод.
Дар меҳвари суҳбат масъалаи густариши ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Зимни муколама вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди низоми энергетикии кишвар, инчунин имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ, аз ҷумла бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, баррасӣ гардид.
Дар фароварди вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.















