МУЛОҚОТ БО РАИСИ ШУРОИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ

🇹🇯🇹🇷 5-уми августи соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия Рунеш Четин мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини вазир аз имкониятҳои фароҳамшуда барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои туркӣ дар бахши энергетика ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Вазорат аз густариши ҳамкорӣ бо шарикони туркӣ, бахусус дар самти воридоти таҷҳизоти муосири энергетикӣ, татбиқи технологияҳои нав ва ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳои соҳавӣ истиқбол менамояд.

Дар навбати худ, раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ байни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии ширкатҳои туркиро барои баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини таҷҳизоти муосир иброз дошт.