БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ҚАЗОҚИСТОНУ ЧИН «ТУРКИСТОН ТЕКСТИЛ»

6-уми августи соли 2026, Туркистон (Қазоқистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз фаъолияти корхонаи муштараки Қазоқистону Чин «Туркистон Текстил» дидан намуд.

Зимни боздид роҳбарияти корхона оид ба фаъолияти истеҳсолӣ, таҷрибаи истифодаи технологияҳои муосир ва ташкили занҷираи пурраи истеҳсол аз кишти пахта то истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон барои таъмини ашёи хоми корхона дар майдони 35 ҳазор гектар пахта кишт гардида, киштзорҳо бо истифода аз технологияи обёрии қатрагӣ обёрӣ мешаванд. Татбиқи ин усул ба истифодаи самараноки захираҳои об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши талафоти об мусоидат менамояд.

Ҳосили пахта пурра дар ҳамин корхона коркард гардида, айни замон аз он ришта истеҳсол мешавад.

Ҳамзамон, масъулини корхона иттилоъ доданд, ки дар доираи барномаи рушди минбаъдаи истеҳсолот пешбинӣ шудааст, ки майдони кишти пахта то 55 ҳазор гектар зиёд карда шуда, иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми коркарди ашёи хом низ мутаносибан афзоиш дода шавад.