6-уми августи соли 2026, Туркистон (Қазоқистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари кории худ ба вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон аз фаъолияти корхонаи «Turan Su Irrigation System», ки яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи низомҳои муосири обёрии қатрагӣ дар минтақа ба шумор меравад, боздид намуд.
Зимни боздид роҳбарияти корхона ба вазир иқтидорҳои истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ва навовариҳои татбиқшавандаро дар самти истеҳсоли таҷҳизоти обёрии сарфакунандаи об муаррифӣ кард.
Корхона ба истеҳсоли лӯлаҳои полиэтиленӣ барои шабакаҳои обёрӣ, лентаҳои обёрии қатрагӣ, лӯлаҳои ПВХ, таҷҳизоти пайвасткунандаи шабакаҳои обёрӣ (фитингҳо), инчунин дигар таҷҳизоти муосири низомҳои обёрии сарфакунандаи об машғул мебошад.
Маҳсулоти корхона барои истифодаи самараноки захираҳои об, коҳиш додани талафоти об ҳангоми обёрӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Вазир зимни шиносоӣ зикр кард, ки омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа ва истифодаи технологияҳои нав метавонад барои рушди соҳаи мелиоратсия ва беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

















