КИШВАРҲОИ ОМ МАСЪАЛАҲОИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБРО БАРРАСӢ КАРДАНД

🇰🇿🇹🇯🇹🇲🇺🇿 7-уми август дар шаҳри Туркистон ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ (КБҲХО) баргузор гардид.

‎Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.

‎Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА баррасӣ гардиданд.

‎Ҳамчунин, масъалаи таҳияи лоиҳаи Нақшаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сирдарё мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорони ҷаласа таҳияи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ барои баррасии ин масъала гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад.

‎Ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузор хоҳад шуд.