МУЛОҚОТИ ДАЛЕР ҶУМЪА БО ЭРИ АРФИЯ

🇹🇯🇯🇵12-уми августи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфияро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина, ба густариши ҳамкориҳои дар самти сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар идомаи суҳбат вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, аз ҷумла бунёди зеристгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиди НБО «Варзоб-2», табодули афкор сурат гирифт.