МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ

14-уми августи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо президенти ширкати «YEMA GROUP CO., LTD» Чэн Сян ва намояндагони ширкатҳои «Sichuan Hebang Investment Group Co., Ltd», «China Feilhe Limited», «Zhejiang ZHINK Group Co., Ltd» ва «Beijing Century Beking Furniture Co., Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазир оид ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар кишвар, иқтидори энергетикии Тоҷикистон, захираҳои обӣ ва афзалиятҳои соҳаҳои мазкур маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки барои рушди устувори соҳаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир аҳамияти муҳим дорад.

Зимни суҳбат омодагии ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ ва идомаи муколама дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки энергетика ва захираҳои об таъкид гардид.